РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Аз ҷамъбасти Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон

23 сенятбри соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён, синамонигорон, ходимони давлатию сиёсӣ, фарҳангшиносону мунаққидони кино баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ҷаноби Валихон Амирхонули Турахонов, меҳмон аз Ҷумҳурии Қазоқистон Ойгул Бойбек ва директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ибрози назар намуда, баргузории чорабиниро барои тақвияти ҳамкориҳои судманд миёни синамонигорони тоҷику қазоқ муҳим арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки чорабинии синамоӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи синамо бо дастгирии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон доир гардида, ҷиҳати табодули таҷриба, омӯзиш ва шиносоӣ бо санъату ҳунари синамонигрони хориҷи дурру наздик ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар офаридани филмҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳанарнамоии дастаҳои ҳунарӣ ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшида, дар идома намоиши филми ҳунарии «Хонигарии қазоқ» коргардон Рустам Абдрашов манзури алоқамандони синамо гардид.

Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон 24-уми сентябри соли 2022 дар кинотеатри «Ватан» идома ёфта, ихлосмандону ҳаводорони санъати волои синамо аз филми мустанади «Ҳокимаҳои Авруосиё» ва филми ҳунарии «Дос-Мукасан»-и истеҳсоли Қазоқистон бархӯрдор шуданд.

Дар ин замина, минбаъд Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳамкориҳоро дар соҳаи синамо бо филмбардорони берунмарзӣ тақвияту тавсеа дода, барои рушди бемайлони ҳамкориҳои судманд бо синамонигорони хориҷи дуру наздик кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram