РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи Мавлоно: дар мавзуи «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – ситораи дурахшони Шарқ» ҳамоиш баргузор шуд

Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти «Рӯзи Мавлоно» конференсияи илмӣ — назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – ситораи дурахшони Шарқ» баргузор гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар кори конференсия олимону муҳаққиқони ватанӣ, махсусан мавлоношиносони машҳури кишвар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз нобеғагони назми классикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун шахсияти беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Саҳми ӯ ҳамчун ориф ва адиби тоҷик дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ басо муҳим ва назаррас мебошад. Аз ин рӯ дар кори конференсияи илмӣ-назарявӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқон мавзӯъҳои зерин: “Нақши муассири таълимоти силсилаи Кубравия дар ҷаҳонбинӣ ва инқилоби фикрии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”, “Мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар адабиёти тоҷик”, “Рози мондагори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”, “Мавлоно – мураббии башарият”, “Мавлоно ва ахлоқи ҷомеаи муосир”, “Ҷилваҳои сулҳу башардӯстӣ дар ашъори Зуҳурии Туршезӣ ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”, “Қадимтарин нусхаҳои дастнависи “Маснавии Маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ” мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар охир миёни иштирокчиёни конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – ситораи дурахшони Шарқ» муњокима ва табодули афкор сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram