РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар Исфара огоҳ шуд

28 сентябр раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара қарор дошт ва ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои наздисарҳадиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти мазкур хабар доданд.

Дар шаҳри Исфара айни замон Ситоди вилоятӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои наздисарҳадӣ фаъолият дошта, тақсимоти масолеҳи сохтмонӣ ба сокинони зарардида, бартарафкунии оқибатҳои даргириҳо, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ таҳти таваҷҷуҳи хоса қарор дорад.

Раиси вилоят аз нуқтаи нуқтаи тақсимоти масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ боздид карда, ба мутасаддиён дастур дод, ки ҷараёни корҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, ба мардум кӯмак расонанд.

Дар Исфара 90 оила бесарпаноҳ монда, тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шаҳрвандони зарардида то моҳи ноябр хонаҳои истиқоматӣ аз нав бунёд карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода барои тақвияти корҳои барқарорсозӣ ва бунёди ҳарчи зудтари манзилҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram