РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Молдова Руслан Болбочан мулоқот намуд

28 сентябри соли 2022 дар ш.Кишинёв мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода бо котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Молдова Руслан Болбочан сурат гирифт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни гуфтушунид ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаҳои мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, гузаронидани машваратҳои сиёсии байниидоравӣ ва омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram