РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАФСИРИ ВОЖАИ «ТОҶИК» АЗ НИГОҲИ МАВЛОНО. Ба Рӯзи ёдбуди Ҷалолиддини Балхӣ бахшида мешавад

Дар ибтидо бояд зикр намуд, ки худи вожа ё мафҳуми «тоҷик», ба эътиқоди баъзе муҳаққиқон, ҳанӯз аз асри якуми мелодӣ бо шаклу талаффузҳои гуногун маълум будааст. Ба ақидаи ҳафриётгар ва ховаршиноси шӯравӣ А.Н. Бернштам (1910-1956) бошад, ин вожа дар маъхазҳои хаттӣ дар даврони то истилои арабҳо, ё худ дар охири acpи VII дар манбаъҳои чинӣ зикр гардидааст. Вале интишори ҳамаҷониба ва истифодаи гусастаи вожаи тоҷик, аз назари муаррихи тоҷик, академик Н. Неъматов (1927-2011), бо ташаккули худи халқ, яъне ибтидо аз асрҳои IX-Х оғоз мешавад.

Маънии калима ва мафҳуми тоҷик, нақши ин миллатро дар таърих бошад, хубтар аз роҳбари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ И.В. Сталин (1878-1953) дар нутқаш дар раванди пазироии иштирокдорони Даҳаи санъати тоҷик дар Кремл дар таърихи 22 апрели соли 1941 касе тафсир надодааст: “Ман мехоҳам дар бораи тоҷикон чанд сухан бигӯям. Тоҷикон мардуми хос мебошанд. Онҳо на ӯзбеканд, на қазоқ ва на қирғиз, онҳо тоҷиканд ва аз қадимтарин мардумон дар Осиёи Миёнаанд. Тоҷик – яъне соҳиби тоҷ, онҳоро эрониён чунин меноманд ва тоҷикон ба ин ном сазоворанд. Аз тамоми халқҳои ғайрируси мусулмон дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ, тоҷикон ягона мардуми ғайритурки эронинажод мебошанд. Тоҷикон мардуме мебошанд, ки шоири бузург Фирдавсиро ба вуҷуд овардаанд, суннатҳои фарҳангии худро асосан аз ӯ гирифтаанд. Шумо бояд дар ҷараёни Даҳа эҳсос кардаед, ки тоҷикон истеъдоди ҳунарии амиқ доранд, тамаддуни бостонӣ ва нафосати хосси ҳунарии онҳо дар мусиқӣ, суруд ва рақсашон зуҳур мекунад. Баъзан рафиқони рус тоҷикро бо ӯзбек, ӯзбекро бо туркман ва арманиро бо гурҷӣ омехта мекунанд. Албатта, ин нодуруст аст. Тоҷикон мардуме хос бо фарҳанги бостонӣ ва азимеанд, ки ояндаи бузург хоҳад дошт. Онҳоро дар ин кор бояд тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ёрӣ кунад. Ман мехоҳам, ки ба санъати онҳо ҳамаҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Ман барои шукуфоӣ ва рушди санъати тоҷик, халқи тоҷик ва барои он ки мо, москвагиҳо ҳамеша омодаи ёрӣ кардан ба онҳо бошем, қадаҳ мебардорам”.

Дар шеъри тоҷик аввалин байту мисраъҳо, ки дар онҳо вожаи тоҷик дучор меояд, аз асри Х ба мушоҳида мерасанд. Дар асри XIII низ мафҳуми тоҷик интишори фарох дошта, дар ашъори Саъдии Шерозӣ ва Мавлоно Румии Балхӣ бо мундариҷаи васеи худ истифода гардидааст. Аз ҷумла, Саъдӣ ин вожаро ба маънии халқи мушаххас дар қатори се қавми дигар, ки дар он даврон дар мамлакатҳои мусулмонӣ ва ҳамсоягии онҳо маскун буданд, ба кор бурда, гуфтааст:

Араб дидаву турку тоҷику Рум,
Зи ҳар ҷинс дар нафси покаш улум.

Чунонки мебинем, дар ин байти Саъдӣ вожаи тоҷик ҳаммаънои мардуми ориёинажоди Шарқи мусулмонӣ аст, ё ба мафҳумҳои муосир дар шакли тоҷик, форс ё эронинажод рост меояд. Мавлоно ҳам калимаи тоҷикро ба маънии миллати тоҷикзабон (ё форсизабон, ё даризабон), вале васеътар аз диди Шайх Саъдӣ, яъне дар тафовут аз қавмҳои арабзабон, курдзабон, туркзабон, румизабон ва мардуми зангӣ истифода кардааст. Ду байти зерин аз девони Мавлоно собитгари ин маъниянд:

Курду турку зангу тоҷику араб
Фаҳм карда он садо бе гӯшу лаб.

***

Турк кӣ, тоҷик кӣ, зангӣ кӣ, румӣ кӣ?
Моликулмулке ки донад мӯ ба мӯ сирру алан.

Агар аз нигоҳи имрӯз баррасӣ намоем, маълум мегардад, ки Шайх Саъдӣ ва Мавлоно Румии Балхӣ вожаи тоҷикро дар нисбати тамоми мардуми ориёии минтақаҳои муосири Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон ба кор бурдаанд. Зимни ин ҳар ду мутафаккир ҳам худро ба тоҷикон мансуб донистаанд. Аз ҷумла, аз абёти зерини Саъдӣ чунин рамузро гирифтан имкон дорад:

Аз баҳри Худо, ки моликон ҷабр
Чандин накунанд бар мамолик.
Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Дар нисбати Мавлоно бошад, агар истифодаи пайвастаи мафҳуми дар шакли ҷуфт истифодашаванда — “тоҷику турк”-ро аз ҷониби мутафаккир бо байти машҳури ӯ — “Ту моҳи туркиву ман агар турк нестам, Донам ман он қадар, ки ба туркист «об» — «сув» — қиёс намоем, ин маънӣ ба куллӣ равшан мегардад. Ҳамчунин, дар байти зерин низ муаллифи “Девони кабир” аз тоҷик будани худ ва тоҷикона рафтор карданаш ёд карда, фармудааст:

Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,
Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷике шавам.

Аз ҷониби дигар, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо сабаби он, ки айёми кӯдакию наврасии худро дар байни тоҷикони Балх, Вахшонзамин ва Самарқанд гузаронидааст, ба зумраи он шоироне дохил аст, ки беш аз дигарон вожаи тоҷикро дар меросашон истифода намудаанд. Зимни таҳқиқи фалсафаи ин мутафаккири сӯфимашраб мо дар ҳафт байти девони ӯ ин вожаро пайдо намудем, ки ҳар яке аз онҳо дар қатори иттилои адабию забоншиносӣ доштан, ҳамчунин, ҳомили ахбори фарҳангию иҷтимоӣ мебошанд. Масалан, дар байтҳои зерин Мавлоно тоҷику арабу туркро дар ҳамбастагии маънавӣ мебинад, агар ҳама онҳо ба таълимоти ирфонии ягона пайравӣ дошта бошанд:

Турку тоҷику араб гар ошиқанд,
Ҳамраҳанд аз рӯйи маънӣ дар савоб.

***

Агар турк, арчи тоҷик аст, бад-ӯ ин шоҳ наздик аст,
Чу ҷон бо тан, валекин тан набинад ҳеч мар ҷонро.

Дар баробари ин, Мавлоно бо сабаби пайравӣ аз таълимоти тасаввуф ва канораҷӯйӣ аз зоҳирпарастӣ, ки ба ақлгароию ботинпарастии маънавӣ мухолифат дорад, тамоми инсониятро новобаста аз ирқу нажод ва дину мазҳаб, баробар бо ҳамдигар эътироф менамояд:

Рӯҳ бо илм асту бо ақл аст ёр,
Рӯҳро бо тоҷику туркӣ чӣ кор?

Мавлавишиноси маъруфи даврони шӯравӣ Радий Фиш (1924-2000) дар романи адабию таърихию худ «Ҷалолуддини Румӣ» чунин далелеро аз ҳаёти ин мутафаккир дар либоси бадеӣ овардааст: Мавлоно сохтмони биноеро, ки дар он устоҳои даъватшуда аз Хуросону Юнон ба шаҳри Қунияи Туркия ба кор машғул буданд, дар ҷавонии худ мушоҳида карда, дар овони пиронсолияш ба ёд меораду мегӯяд: «Сохтан хоҳӣ, юнониёнро даъват бикун, сӯхтан хоҳӣ – турконро». Ба ҳамин маъниҳо ва инчунин, ишораҳоро ба халқи тоҷик ҳамчун ба халқи созандаю фарҳангӣ ва мардуми таҳаммулпазир – халқи «нарм» дар ашъори Мавлоно низ дучор меоем:

Як ҳамлаву як ҳамла, к-омад шабу торикӣ,
Чустӣ куну туркӣ кун, не нармиву тоҷикӣ.

Дар фарҷоми сухан таъкид месозем, ки устод С.адриддин Айнӣ (1878-1954) ба куллӣ собит намудааст, ки вожа ва мафҳуми «тоҷик» аз замони Саъдии Шерозӣ то адибони асри XIX барои ифодаи тамоми мардуми тоҷикзабон ё форсизабон дар сарзамини Осиёи Миёна, Хуросон ва Эрони Ғарбӣ ба кор бурда шудааст. Таҳлили ашъори донишманди бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ, ки дар онҳо вожаи тоҷик истифода гардидааст, бори дигар аз лиҳози таърихӣ дуруст будани ин хулосаи илман асосноки сардафтари адабиёти муосири тоҷикро ба таври муътамад собит месозад.

Хуршед ЗИЁӢ,
доктори илмҳои фалсафа,
профессор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram