3 октябри соли равон хониши дастаҷамъонаи “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи кормандони вазорат идома ёфт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.
Командони вазорат чун ҳарвақта бо ихлосу шавқу завқи беандоза дар хониши дастаҷамъона иштирок намуда, саҳифаҳои таъриху фарҳанги ниёгони хешро бори дигар варақгардонӣ намуданд.
Сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Раҳмоналӣ Шералиев дар омӯзи навбатӣ доир ба даврони ҳукмронии сулолаи Ҳахоманишиён суханронӣ намуда, тӯли 200 сол ҳукмронӣ намудани ин сулола, ба сари қудрат омадани Куруши Кабир, тохтутозу ҷонбозиҳо, забт ва ба империяи Ҳахоманишиён ворид намудани мамлакатҳои сершумор ва аз ҷониби мақдуниҳо ғасб шудани ин сулола ибрози андеша кард.
Омӯзиши китоби безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” тӯли як соат идома ёта, дар назар аст, ҳафтаҳои пешин низ ин хониш баргузор гардад.
Кормандони вазорат бо иштирок дар ин хонишҳои дастаҷамъона бори дигар аз таъриху фарҳанги ниёгон, қаҳрамонию ҷонбозиҳои фарзонафарзандони миллати тоҷик огоҳӣ пайдо намуданд.