3 октябр раиси Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Ҷовидона ва ҳамроҳонаш дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Меҳмононро Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ — Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимзода Зафаршо – директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Дар доираи боздид меҳмонон аз осори бамеросмондаи ниёгони тоҷикон дидан намуда, бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ошно гардиданд.
Меҳмонон аз томошои толоҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, Раиси Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Ҷовидона ҳамчун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳои худро дарҷ намуд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ҳамчун рамзи эҳтиром ба Раиси Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Ҷовидона китобҳо тақдим намуд.