РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат мулоқот намуд

3 октябри соли 2022 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ бо донишҷӯёни тоҷикистонии мактабҳои олии кишвари иқомат ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Роҳбари намояндагии дипломатӣ зимни суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши забони тоҷикӣ дар низоми давлатдорӣ, пешрафти илму маърифат ва фарҳангу ҳунар ҷалб намуд. Дар ин раванд саҳми арзандаи шоирони классик ва файласуфону олимони тоҷик, ки маҳз тавассути онҳо рушду пойдории забони тоҷикӣ барои наслҳои минбаъда таъмин гардид, қайд карда шуд.

Дар рафти мулоқот Д. Гулмаҳмадзода бо иштирокдорон дар мавзӯи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 31 соли Истиқлолият, таблиғи худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сӯҳбат орост. “Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон эҳсос мегардад”, таъкид намуд ӯ.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram