РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи забони давлатӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҷлил шуд

Дар толори “Арғунун”-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, бо ширкати роҳбарият, ҳайати профессорону устодон ва шогирдони муассиса ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар оғози ҳамоиш ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иштирокчиён ва мардуми кишварро ба Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомоти пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат забони тоҷикӣ неруи тоза гирифта, ба забони расмӣ — коргузорӣ табдил ёфт. Дар ду даҳсолаи охир як қатор донишномаҳо, луғатномаҳо ва фарҳангҳои дузабонаву сезабона интишор шуданд, ки онҳо бо забони меъёр ва риояи қоидаҳои таркиби дохилии забони адабии тоҷикӣ чоп шуда, барои боз ҳам васеъ тарғиб кардани забони давлатӣ замина фароҳам оварданд. Имрӯз ин забони ноб аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.

Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлатбек Хоҷазода бо маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи “Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои миёна”, Муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионии донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Алишер Аминӣ дар хусуси таърихи ташаккули забони форсӣ-тоҷикӣ дар дарозои таърих, марҳилаҳои рушд, ҳудуди густариш ва дигар масъалаҳои забони тоҷикӣ ибрози андеша намуданд.

Дар фароварди ҳамоиш барномаи фарҳангӣ-ҳунарӣ, бо фарогирии композитсияҳои адабӣ бо унвонҳои “Забони тоҷикӣ-шоҳи забонҳост”, “Забони тоҷикӣ-забони меҳри мо”, ғазалу шеъру суруд дар васфи забони модарӣ ва рақсу оҳангҳои марғуб дар иҷрои устодону донишҷӯёни донишкада манзури ҳозирин гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram