РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат-ҳастии миллат» ба забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардид

Бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардид. Дар ин бора аз ДДЗТ хабар доданд..

Барои тарҷумаи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» таҳти роҳбарии ректори Донишкада, профессор Жило Гулназарзода устодон — Фаёз Турсунов, Бахтиёр Ҳоҷатов, Анвар Баротов бо забони русӣ, Зубайдулло Мусоямов, Бобоҷон Маликов, Муҳаммадсалим Азизмуродов, Ҳамида Ишратова, Зулола Ҳалимзода, Ҷамила Ҷӯраева, Дилфӯза Саидова, Аюб Зикруллоев, Руҳангез Сафарзода бо забони англисӣ ва  Зоир Ғафуров, Манижа Носирова, Қурбонбегим Ғуломалиева, Сайёра Гиёева, Наврӯзмоҳ Муборакшоева ва Моҳбегим Иброҳимова бо забони  чинӣ бо камоли муҳаббату садоқат кӯшиш ба харҷ доданд.

Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» воқеан ҳам дар ҳамбастагӣ ба ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ навишта шудааст. Аз ин рӯ китоб зуд мақбули ҳамагон гашт ва барои сокинони мамлакат мояи ифтихор мебошад.

Ин китоб бори дигар бо далелҳои муътамад ва суханони баланду дилписанд бузургию тавоноӣ ва таърихи пуршарафи забони модариро  собит намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram