5 октябр дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия бо дастгирии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар мавзӯи «Кам намудани партовҳои озуқаворӣ дар Аврупо ва Осиëи Марказӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар кори он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд..
Ба иттилои манбаъ, дар доираи конфронс масъалаҳои кам намудани талафоти маҳсулоти озуқаворӣ баррасӣ шуда, зикр шуд, ки бо дарназардошти ҳолати имрӯзаи ҷаҳон, таъсири тағйирëбии иқлим, хушксолӣ, офатҳои табиӣ ва пандемия занҷираи таъмини маҳсулоти озуқаворӣ фалаҷ гардида, тибқи баҳодиҳиҳои охир, шумораи аҳолии ба озуқа дастрасӣ надошта афзоиш ëфта истодааст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни конфронси байналмилалӣ иштироккунандагон бо мақсади мусоидат ва бартараф намудани ҳолатҳои мавҷуда истифодаи самараноки захираҳо, ҷорӣ намудани инноватсия дар истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, рушди кластерҳои агросаноатӣ, истифодаи тухмии зироати кишоварзии ба тағйирëбии иқлим ва хушкӣ тобоварро мувофиқи мақсад шумориданд.