РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

СУҒД: Қабули мавод ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2022» оғоз ёфт

Аз 3 октябр қабули мавод ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2022» оғоз ёфта, то 20 октябр идома меёбад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Озмуни анъанавии “Хомаи созанда” бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо мақсади муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят,  инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона, инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб миёни кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд мешавад.

Бо қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  озмуни имсола бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияҳои «Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ», “Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)” доир шуда, дар он танҳо рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят иштирок карда метавонанд.

Иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод пешниҳод намояд.

Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гуруҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия дар озмун иштирок карда метавонад.

Ба ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои зикршуда дар бахшҳои телевизону радио, матбуот ва сомонаҳои интернетӣ аз 1500 сомонӣ то 6 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 132 000 сомонӣ супорида хоҳад шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram