Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бо Қарори Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии «Худҷореъ», «Кофарниҳон», «Фишорӣ» ва «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» тасдиқ гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи нақша, бо инобати иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии «Худҷореъ» аз соати 23:00-и 12 октябри соли 2022 то соати 24:00-и 13 октябри соли 2022 дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ ва ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон — 1 ва 2, кӯчаҳои Д.Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77-и ноҳияи И.Сомонӣ интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.
Инчунин дар ин рӯз интиқоли оби нӯшокии маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон — 1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамиршикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино ва кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбеи ноҳияи Фирдавсӣ қатъ мегардад.
Ҳамчунин бо мақсади иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии «Кофарниҳон» аз соати 23:00-и 19 октябри соли 2022 то соати 24:00-и 20 октябри соли 2022 дар маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дӯстӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65, кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, М.Маҳмадалиев ва А.Наҷмиддини ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро — 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД «Роҳи оҳан» то бинои КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.
Аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.
Тибқи қарори мазкур, раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» муваззаф гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» интиқоли оби нӯшокӣ дар дигар маҳаллаҳо то 3 ноябр идома меёбад.