РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи шодбошӣ ирсол намуданд. Дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарини маро ба муносибати ҷашни 70-солагиатон қабул фармоед!

Шумо ҳамчун роҳбари тавоно, хирадманд, соҳибирода бо азми қавиатон ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллии кишвари худ шинохта шудаед. Ба ин муносибат мехоҳам саҳми бузурги Шуморо дар тараққиёт ва шукуфоии Русия, инчунин дар таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмиллалӣ зикр намоям.

Хидматҳои арзандаи Шумо дар рушди бемайлони муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия сазовори баҳои хеле баланд аст.

Мо ба сатҳи бадастомадаи муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Русияи ба мо дӯст арҷ мегузорем ва дар оянда барои густариши самтҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар ба нафъи халқҳоямон тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод.

Дар ин рӯзи муборак иҷозат диҳед ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, саломатии бардавом, бахту саодат, умри дароз ва музаффариятҳои нав дар роҳи рушду нумӯи Русияи дӯст ва ба халқи он — сулҳу амонӣ ва пешрафти устувор орзу намоям».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram