РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Нависандаи фаронсавӣ Энни Эрно барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2022 шуд

6 октябр намояндагони Кумитаи Нобел дар Стокҳолм эълон карданд, ки нависандаи фаронсавӣ Энни Эрно барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2022 шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи Нобел хабар доданд.

Эрно «барои далерӣ ва ҷасорате, ки бо он пайдоиш, бегонагӣ ва чаҳорчӯбаи коллективии хотираи шахсиро фош мекунад» мукофотонида мешавад.

«Дар асарҳои худ Эрно пайваста ва аз паҳлӯҳои мухталиф зиндагии нобаробариҳои шадидро аз лиҳози ҷинсият, забон ва синфӣ баррасӣ мекунад», — менависад сомонаи расмии Кумитаи Нобел.

Энни Эрно 1 сентябри соли 1940 дар Лиллебонн Нормандия таваллуд шудааст. Аввалин романи ӯ «Ҷевонҳои холӣ» соли 1974 нашр шуд. Дар қатори дигар асарҳои машҳури нависанда — «Ҳаёти беруна», «Ихтисоси муқаррарӣ», «Чой дар зиндагй», «Солҳо».

Эрно доктори фахрии Донишгоҳи Cergy-Pontoise аст ва барандаи чандин ҷоизаҳои адабӣ, аз ҷумла ҷоизаҳои Ренодо ва Маргерит Дурас шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Абдулразоқ Гурна аз танзаниягӣ барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2021 шуда буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram