РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2022» эълон шуд

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни навбатии бонуфузи «Бренди сол — 2022»-ро таҳти унвони «ҚУЛЛАИ ШАРАФ» эълон менамояд. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.

Бренд – эътироф аз ҷониби истеъмолкунанда, рақобатнокӣ ва кафолати сифат мебошад. Натиҷаҳои озмун бо иштироки соҳибкорон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ватанӣ охири соли равон ҷамъбаст карда мешаванд.

Дархост барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.  Иштирок дар озмун ройгон мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram