РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Эмомалӣ Раҳмон, Илҳом Алиев, Никол Пашинян, Александр Лукашенко, Қосим-Жомарт Токаев, Владимир Путин, Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳаммадов иштирок карданд.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод мубодилаи афкор намуда, рӯзномаи ҷаласаи қарибулвуқуъи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Остона ва масоили алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram