РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири маориф ва илм аз вазъи мактабҳои зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров огоҳ шуд

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зарардида дар муноқишаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, ба омӯзгорон ва хонандагони зарардида кумак расонид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазир инчунин бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ва омодагӣ ба фасли зимистон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва муассисаҳои шаҳри Истаравшан дидан намуд.

Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Варзоб дар пешбурди фаъолияти таълимии муассиса баъзе мушкилоту норасоиҳо, аз қабили ба таълиму тарбия машғул будани омӯзгорони ғайритахассус, тибқи талабот нагузоштани ҷадвали дарсӣ, сари вақт пур накардани журналҳои дарсӣ, дар ҳолати корӣ қарор надоштани ҷевонҳо ва ғайра ба мушоҳида расиданд.

Вобаста ба ин ва дигар ҳолатҳо ба масъулини муассисаи таълимӣ, аз ҷумла ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Инчунин зимни сафари корӣ Вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 деҳаи Оби зулоли шаҳри Истаравшан, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ба номи Неъмат Аминови шаҳри Истаравшан дидан намуд. Дар муассисаҳои таълимии мазкур вазир ба вазъи таълиму тарбия, норасоии омӯзгорон, ташкили мафҳилҳо, дарсҳои иловагӣ, кружокҳо, дастраси хонандагон ва омӯзгорон гардидан ва аз худ кардани Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (400 луғат), омодагӣ ба фасли зимистон ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Аз ҷониби Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти мавҷуда дастуру супоришҳо дода шуд. Ҳамзамон ба кормандони дастгоҳи вазорат дастур дода шуд, ки масъалаҳои мазкур дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, натиҷаи он дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram