РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар назди Қасри Арбоб бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ ҷараён дорад

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ дар вилояти Суғд вусъат меёбад. Дар ин бор аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри таърихии Арбоб бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ ҷараён дошта, дар назар аст, ки то рӯзи ҷашн боз як иншооти фароғатӣ ба истифода дода шавад. Айни замон дар иншооти мазкур корҳо бомаром идома дошта, сохтмончиён машғули кор ҳастанд.

Рӯзи шанбе дар боғи бунёдшаванда ҳашари ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд. 400 нафар кормандони ташкилоту идораҳо барои сабзу хуррамгардонии боғи фароғатӣ саҳм гузошта, бо ёрии мутахассисон ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинониданд.

Дар ҳудуди боғ ҳамзамон мумфаршкуниву омодасозии роҳравҳо, нишастгоҳҳо, фаввораҳо ҷараён дорад. Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо нақшаи корҳои ободонӣ ва гулзоркунии ҳудуди боғ ба масъулин тавсияҳо дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram