РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи  «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” »

Имрӯз дар Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи  «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” » баргузор гардид.

Қабл аз ифтитоҳи конфронс ҳамоиши тасвиру нигоштаҳо, миниатюраҳои таърихӣ ва инчунин нусхаи китобҳои “Шоҳнома”  Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ  ки  мутаалиқ ба асрҳои 15-16 аст, ба маррази намоиш гузоштанд.  

Дар конфронси мазкур олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла меҳмонони форсизабони ҷаҳон, намоняда аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар арҷгузории ба адибони тоҷику форс  дар сатҳи баланд арзёбӣ карданд. 

Султонализода Ёқубҷон

«Садои Душанбе»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram