РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Корҳои барқарорсозӣ дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров босуръат идома дорад

Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои бунёду барқарорсозии хонаҳои истиқоматии сокинон босуръат идома дорад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 10 октябр бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, бо сокинон суҳбат намуд. Таъкид карда шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои харобшудаву зарардида то моҳи ноябр пурра омода шуда, сокинон бояд вориди хонаҳои худ шаванд.

Айни замон тариқи ҳашар ва зери назорати масъулони бахши сохтмони вилоят ва ноҳия корҳо ҷараён дошта, барои сохтмони хонаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону тоҷирон ва саховатмандон кӯмакҳои моддӣ расонида шудааст.

Сокинон бо руҳияи баланд ба корҳои сохтмонӣ машғул буда, барои ҳамдигар ёрӣ расонида истодаанд. Раиси вилоят барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram