РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар соли 2022 дар Тоҷикистон 22 муассисаи томактабӣ таъсис дода шуд

Дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 22 муассисаи томактабӣ таъсис дода шуд, аз ҷумла 7 адади он ба шаҳри Душанбе, 7 адад ба вилояти Суғд, 6 адад ба вилояти Хатлон ва 2 муассисаи дигар ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд, иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми мамлакат «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол», ки 10 октябр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳамчунин гуфта шуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 718 муассисаи томактабӣ (Суғд-285, Хатлон-165, Душанбе-157, НТҶ-85 ва ВМКБ-26) фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (696) 22 муассиса бештар мебошад.

Таъкид гардид, ки бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» дар марҳилаи якум барои солҳои 2022-2024 таҳия, бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ 1810 маркази инкишофи кӯдак (Душанбе-17, НТҶ-277, ВМКБ-284, Суғд-382, Хатлон-850) фаъолият менамояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 (1764) 46 адад зиёд мебошад. Дар миқёси ҷумҳурӣ 70 маркази хусусии инкишофи кӯдак ҳамчун шакли дигари фарогирии кӯдакони синни томактабӣ бо ҷалби 1562 кӯдак амал мекунад.

Зикр гардид, ки дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» 940 кати хоб, 470 ҷуфт мизу курсии кӯдакона, 470 ҷевон барои либоси кӯдакон, 188 ҷевон барои бозича, 94 мизу курсӣ барои мураббиён харидорӣ ва дастраси муассисаҳо гардонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» таҳия карда шуд, ки пас аз мувофиқа бо мақомотҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram