РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ озмун доир мешавад

Ба муносибати 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд..

Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур аз рўйи номинаҳои эҷоди шеъри беҳтарин,  қироати беҳтарини шеър,  иҷрои суруди беҳтарин, суруди беҳтарини гурӯҳӣ  дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир мешавад. Озмун дар се давр баргузор гардида, моҳҳои сентябр — октябр дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, дигар ташкилоту муассиса ва корҳонаҳо, даври дуюм – нимаи дуюми моҳи октябр дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум ва даври сеюм (шаҳрӣ — асосӣ) – нимаи аввали моҳи ноябр бо иштироки ғолибони даври дуюм баргузор мегардад.

Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун нимаи дуюми моҳи ноябр ба муносибати 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории озмун- дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод, пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.

Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, он миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе, эҷодкорону ҳаваскорон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ, фаъолият ва эҷод менамоянд, баргузор карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram