Дар заминаи ҳамкории дӯстонаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус доир гардид, ки зимни он миёни якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷумла, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Беларус — Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус, Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Донишгоҳи давлатии технологии Беларус, Донишгоҳи давлатии техникии Брест, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А. С. Пушкин, Донишгоҳи давлатии техникии Гомел ба номи П. О. Сухов, Донишгоҳи давлатии Городно ба номи Я. Купала ва Донишгоҳи давлатии лингвистикии Минск созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Дар форум инчунин роҳбарияти сохторҳои дипломатӣ ва масъулини самтҳои кишоварзӣ, саноату соҳибкорӣ ва маориф иштирок намуданд.
Зимни баргузории форум ҷонибҳо доир ба имконияти сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар рушди соҳибкорӣ ва такмили ҳамкории иқтисодию соҳибкорӣ сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки ҳамкории иқтисодию соҳибкории Тоҷикистон ва Беларус дар ҳоли рушд қарор дорад.
Дар форум инчунин зикр гардид, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба зиёда аз 90 шартномаву созишнома миёни Тоҷикистону Беларус ба имзо расидаанд, ки онҳо ба ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, маориф ва ғайра мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин дар заминаи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус Намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои Беларус дар Тоҷикистон ташкил гардид. Баъд аз маросими баимзорасонии созишномаҳо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс аз он дидан намуданд.