РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муҳаррири варзидаи радиои бурунмарзии “Овози тоҷик” Отабек Ғоибов даргузашт

Аҳли кормандони эҷодӣ ва техникии радиои “Фарҳанг” бинобар даргузашти муҳаррири варзидаи радиои бурунмарзии “Овози тоҷик” ОТАБЕК ҒОИБОВ сахт андуҳгин буда, ба наздикон ва дӯстони марҳум изҳори ҳамдардӣ менамоянд.

Отабек Ғоибов 24-уми марти соли 1959 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, аз соли 1987 фаъолияти рӯзноманигориашро оғоз намудааст ва то кунин ҳамчун муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» фаъолият дошт.

Отабек Ғоибов барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи ВАО ва пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Ӯ ҳамчунин ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ, 100 – солагии матбуоти тоҷик, ва барои маҷмӯаи асарҳояш миёни 50 кишвари ҷаҳон медали тиллои озмуни байналмилалии “Қалами тиллоӣ” (“Oltin qalam”)-ро ба даст овардааст.

Ҳаёти инчунин фарди қалампайванд ва эҷодкори асил, ки як умр бо қалам дӯстӣ дошт, барои рӯзноманигорони ҷавони радио мактаби хуби омӯзишу таҷриба аст. Ёду номаш гиромӣ бод!

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram