РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Беларус ҳамкориҳои байнипарлумониро тақвият медиҳанд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо  Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд.

Маҳмадтоир Зокирзода таъкид кард, ки Тоҷикистон дар симои Беларус дӯсти боэътимод, шарики стратегию ҳамақидаи худро мебинад.

Ҳамзамон зикр кард, ки ҳуҷҷатҳои бунёдие, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро муайян мекунанд, аз ҷумла Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду давлат аз 5 апрели соли 2000 ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз 27 июни соли 2019 мебошанд.

Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 100 шартномаву созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки ба рушди муваффақона ва амиқтар шудани ҳамкории мутақобилан судманд имкон медиҳанд,-тазаккур дода шуд дар мулоқот.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки муносибати ду давлат дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои нав касб мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram