РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷашни Меҳргон дар ноҳияи Рӯдакӣ таҷлил шуд

11 октябр ба муносибати ҷашни Меҳргон дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар назди маҷмаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ намоиши идона доир шуд. Дар ин бора аз бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар намоиш маҳсули заҳмати деҳқонону кишоварзони ноҳия , ҳунарҳои дастии кандакорони мардону занони ноҳияи Рӯдакӣ инчунин дигар ташкилоту муассисаҳо ба намоиш гузошта шуд.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исматзода Азизулло ва дигар меҳмонон аз намоише, ки ба ифтихори ҷашни Меҳргон дар сахни Қасри фарҳанг ташкил гардида дидан намуда, ба кишоварзон ин чашни адодиро шодбош гуфтанд.

Гуфта шуд, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва густариш ёфтани як силсила арзишу суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла яке аз пуршукӯҳтарин ҷашнҳои ниёгонамон- иди Меҳргон барои ҳар сокини мамлакат мояи ифтихору сарфарозист.

Дар интиҳо барномаи консертии аҳли фарҳанги ноҳия пешниҳоди иштирокчиён шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram