РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пазироии ҳайати журналистони Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд мулоқоти ҳайати рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо рӯзноманигорони вилоятияти Суғд сурат гирифт. Дар ин бора рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» хабар дод.

Меҳмононро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода ва дигар рӯзноманигори вилояти Суғд пешвоз гирифтанд. Ҳайати рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон раиси Иттифоқи журналистони ин кишвар Олимҷон Усаров сарварӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар баробари силсилаи дидору боздидҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурии мо журналистони ду кишвар масоили табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандони ВАО ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ хоҳанд кард. Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Ўзбекистон, ки то 16 октябр идома меёбад, бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода амалӣ мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram