РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуд

12 октябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Дар мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко густариши ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон ва Беларус дорои дурнамои нек арзёбӣ гардида, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника ва кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Бо такя ба ҳамкории иқтисодӣ баён гардид, ки ҳаҷми кунунии табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Беларус дар ҳоли рушд буда, нишондиҳандаҳо, хосса гардиши молу маҳсулот марҳила ба марҳила афзоиш дода мешаванд.

Дар вохӯрӣ дар асоси масоили вобаста ба шарикии ду кишвар дурнамои рушди ҳамкории гуногунҷанба мавриди назар қарор гирифт.

Дар ин замина изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус барои таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, гардиши молу маҳсулот, истифодаи иқтидорҳои табиӣ ва ҳамкорӣ дар бахши энергетика ба манфиати ҷонибҳо натиҷаи босамар хоҳад дод.

Дар раванди густариши ҳамкорӣ ва таҳкими равобит доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба, алалхусус самтҳои ояндадори робитаҳо миёни Тоҷикистон ва Беларус бо мавқеъгирии созанда баррасӣ шуда, натиҷаҳои музокироти расмӣ ва созишномаҳои қарордодиву ҳуқуқии ҳамкорӣ дорои дурнамои нек баҳогузорӣ карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram