9 октябри соли равон ҳунармандони Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба шаҳри Панҷакент ба сафари ҳунарӣ омаданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамарӯза- то санаи 18 октябр, соати 17:30 дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ҳунармандони театр намоишномаи «Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё…»-ро манзури тамошобинон мегардонанд.
Намоиши “Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё”, ки аз рӯи асари Холиқ Хурсандов ва таҳияи Султон Усмонов рӯи саҳна омадааст.