РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Театри ба номи Лоҳутӣ: «Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё…» дар Панҷакент намоиш дода мешавад

9 октябри соли равон ҳунармандони Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба шаҳри Панҷакент ба сафари ҳунарӣ омаданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамарӯза- то санаи 18 октябр, соати 17:30 дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ҳунармандони театр намоишномаи «Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё…»-ро манзури тамошобинон мегардонанд.

Намоиши “Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё”, ки аз рӯи асари Холиқ Хурсандов ва таҳияи Султон Усмонов рӯи саҳна омадааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram