РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини вазири фарҳанг бо директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ муқот намуд

Дар ин миён ҷиҳати омодагиҳо барои баргузории чорабинӣ вохӯрии директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин бо муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Чуноне иттилоъ додем, аз 14 то 18 октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Бо ин мақсад рӯзи 12 октбри соли равон директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин ба Душанбе омад.

Владимир Понявин то омадани ҳайати асосии Бозиҳо бо ҳайати гурӯҳи кории чорабинӣ корҳои бисёре ба анҷом мерасонанд.

Зикр гардид, ки кишвари моро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ 160 нафар наврасони боистеъдод аз синни 10 то 25 сола муаррифӣ менамоянд.

Ҳайати иштирокдорони Бозиҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳассилини макотиби таълимӣ ва санъат, мутахассисони лаёқатманди муассисаҳои фарҳанг ва ҳунари шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон мебошанд.

Дар чорабинӣ иштироки ҳайатҳо аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Озорбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Белоруссия дар назар аст, ки теъдоди умумии иштирокчиён зиёда аз 390 нафарро ташкил медиҳанд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои 16-уми Делфӣ рӯзи 15 октябр, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.

Рӯзи 16 октябр ҳайати расмии иштирокчиёни ин ҳамоиш бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардида, бахшида ба 20-солагии Бозиҳои Делфӣ дар мавзӯи «Бистсолаи Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: таърих ва дурнамо» дар конференсияи байналмилалӣ ширкат меварзанд. Ҳамзамон дар ин рӯз иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ боздид менамоянд.

Рӯзи 17 октябр дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ доир мешавад, ки ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён аз он дидан менамояд.

Инчунин шоми ҳамин рӯз, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими пӯшидашавии Бозиҳо доир мегардад.

Дар назар аст, ки рӯзи 18 октябр меҳмонон аз Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ дар шаҳри Ҳисор дидан намоянд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ғолибони Бозиҳои Делфӣ бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардида, ҳайати ҳакамон барои ҳунарнамоии арзанда иштирокчиёни алоҳидаро бо дипломҳо қадрдонӣ мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram