РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзноманигори Ӯзбекистон ба Турсунзода рафтанд

Имрӯз ҳайати Иттифоқи эҷодии журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Дар ин бора аз бахши матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзноманигоронро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ҳамроҳӣ намуд. Онҳоро дар саҳни ҶСК «Ширкати Алюминийи тоҷик» намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, роҳбарияти корхона ва аҳли фарҳанг пешвоз гирифтанд.

Ҳайати Иттифоқи эҷодии журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни ташрифашон аз осорхонаи ҶСК Ширкати Алюмини тоҷик, ҶДММ «Алюминпроф» ва аз майдонҳои ангурзори хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода дидан карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram