РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ иштирок намуд

12 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлкат хабар доданд.

Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масоили омодагиро ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (14 октябри соли 2022) баррасӣ намуда, лоиҳаи қарорҳо ва изҳоротҳои муштараки Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ-ро бар асос гирифтанд ва Нақшаи баргузории машваратҳои бисёрсатҳаи мақомоти корҳои хориҷиро дар чорчӯби Иттиҳод барои соли 2023 тасдиқ намуданд. Гузашта аз ин, перомуни масъалаҳои мубрами рузномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зимни нишаст роҳбари ниҳоди корҳои хориҷии Тоҷикистон дар посух ба изҳороти беасоси ҷониби Қирғизистон ба кишварҳои иштирокдори ИДМ дар бораи паёмадҳои таҷовузи низомии қаблан тарҳрезишудаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон, ки дар натиҷаи он беш аз панҷоҳ нафар кушта шуда тақрибан дусад нафар мардуми осоишта ярадор шуданд, маълумоти муфассал дод. С.Муҳриддин ёдовар шуд, ки тайи таърихи бистсолаи музокироти Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо протоколҳо ба имзо расидаанд, ки пас аз тағйирёбии таносуби сиёсии кишвари ҳамсоя бознигарӣ ва қатъ карда мешаванд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон туҳматҳои ҷониби қирғизистониро, ки аз Созишномаи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Эъломияи Алмаато ёдовар шуда, онҳоро заминаи ҳуқуқӣ барои таъйини марзи давлатӣ муаррифӣ намудааст, рад кард. С.Муҳриддин таъкид кард, ки масъалаи таъйини хатти марзҳо мавзӯи танзими ин ду санад намебошад. Аз ин рӯ, ба таваҷҷуҳи давлатҳои иштирокдори ИДМ расонида шуд, ки асоси ягонаи ҳуқуқӣ барои идомаи раванди гуфтушунид хуҷҷатҳои тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна дар солҳои 1924-1927 мебошанд, ки аз тамоми расмиёти конститутсионӣ гузаштаанд.

Вазири корҳои хориҷӣ С.Муҳриддин аз ҷониби Қирғизистон даъват ба амал овард, ки аз ташдиди вазъ худдорӣ намояд, протоколҳои имзошударо қатъиян риоя карда, ҷараёни иҷрои онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад. Ӯ иброз дошт, ки Тоҷикистон ҳалли тамоми масъалаҳо бо Қирғизистонро танҳо тавассути василаҳои сиёсиву дипломатӣ мебинад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram