РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Раиси вилоят аз фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта дар ноҳияи Мастчоҳ огоҳ шуд

12 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пахта ва коркарди он ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафар роҳбари вилоят бо фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Музаффар компания» шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, корхонаи коркарди пахтаи «Музаффар компания» то кунун зиёда аз 2500 тонна пахта қабул намуда, беш аз 2000 тоннаи онро мавриди коркарди аввалия қарор додаст. Ин корхона соли ҷорӣ бо 230 хоҷагии деҳқонии ноҳия шартнома ба имзо расонида, дар вақти кишту кор кишоварзонро дастгирӣ намудааст. Зимни шиносоӣ ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуда, ки истифодаи тухмии хушсифат боиси фаровонҳосилӣ гаштаву ҳамзамон барориши нах то 36-37 дарсад буда, 59 дарсад чигит истеҳсол гашта истодааст. Дар ин корхона 36 нафар фаъолият доранд.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят аз корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Шариф Асад» боздид намуд. Корхонаи мазкур дар мавсими имсола бо 400 хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома ба имзо расонида то имруз зиёда аз 2500 тонна пахта кабул кардааст. Дар ин корхона 50 нафар кормандон фаъолият дошта, то кунун аз тарафи ҷамъият зиёда аз 700 тонна пахта коркард шудааст.

Раиси вилоят ба роҳбарони корхонаҳои коркарди пахта дастур дод, ки кишоварзонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҳарчи бештар пахтаро қабул ва коркард намоянд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ 10 корхонаи коркарди пахта фаъолият дошта, то ба имруз ба ин корхонахо беш аз 17000 тонна пахта ворид карда шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram