РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Давоми 9 моҳи соли равон наздики 75 ҳазор кӯдак аз амалиёти хатнаи ройгон гузаштанд

Ба ҳолати имрӯза дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон фаъолият дошта, дар онҳо давоми 9 моҳи соли 2022 ба 74 ҳазору 718 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида шудааст. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки иқдомоти мазкур бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 августи соли 2017 рӯи даст гирифта шудааст.

Дар ин доира, инчунин фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018 оид ба «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон», аз 18 майи соли 2018 “Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирию омории соҳавии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон” ва аз 2 июли соли 2018 “Дар бораи тасдиқ намудани рӯйхатҳои таҷҳизоти зарурӣ барои ҳуҷраҳои хатнаи кӯдакон” ба тасвиб расида, айни ҳол амалӣ шуда истодаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram