РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ оғоз мегардад

Имрӯз дар Душанбе Бозиҳои 16-уми Делфии наврасони кишварҳои узви ИДМ оғоз мешавад. Чорабинӣ ба Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар кишварҳои ИДМ бахшида шуда, то 18 октябр идома мекунад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳо соати 18:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ баргузор мегардад.

Бозиҳои Делфӣ мусобиқаҳои мураккаби эҷодиёти бадеӣ, амалӣ ва тадқиқотӣ буда, аз руйи номинатсияҳои навохтани фортепиано, скрипка, санъати театрӣ, сурудхонии академӣ, рақси халқӣ, санъати сирк, дониш дар соҳаи эпидемиология ва биоинформатика, дизайни мӯд, видеоблоги илмии оммавӣ сурат мегирад.

Интизор меравад, ки дар ин чорабинӣ беш аз 400 истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25 сола аз тамоми кишварҳои узви Иттиҳод ширкат кунанд. Аз Тоҷикистон дар ин озмун 177 нафар ширкат мекунанд, ки 10 нафари онҳо ба ҳайси ҳакамон дар ҳар номинатсия иштирок хоҳанд кард. Дар маҷмӯъ ба ҳайати доварон 35 ҳунарманди маъруфи кишварҳои ИДМ шомиланд.

Рӯзи 16 октябр иштирокчиёни Бозиҳо аз Китобхонаи миллии кишвар дидан намуда, баъдан дар конфронси байналмилалии «Бист соли Бозиҳои Делфии кишварҳои ИДМ: таърих ва дурнамо»ширкат меварзанд. Худи ҳамон рӯз ширкаткунандагон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан хоҳанд кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram