РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба истифода дода шуд

13 октябр раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маросими баистифодадиҳии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 иштирок намуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Мактаб дорои 13 ҳуҷраи таълимӣ, аз ҷумла 9 синфхонаи таълимӣ, 1 хонаи омўзгорон ва 2 утоқи корӣ аст. Инчунин, 1 адад кабинети фанни физика бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.

Фармоишгари иншооти мазкур Вазорати маориф ва илм ва пудратчӣ ҶДММ “Манзили кўҳистон” мебошад.

Бинои муассиса аз 2 ошёна иборат аст ва бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад. Теъдоди хонандагон 200 нафар ва омўзгорони муассиса 21 нафарро ташкил медиҳад.

Сохтмони бинои муассисаи таълимӣ соли 2018 оғоз ёфта, моҳи октябри соли 2022 ба итмом расонида шуд. Барои бунёди бинои муассисаи таълимӣ зиёда аз 3 миллион сомонӣ масраф шудааст.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кормандони соҳаи маориф ва сокинони ноҳия таъкид кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола даҳҳо иншооти соҳа бунёду ба истифода дода мешавад. Бинои нави таълимӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба сокинон дар арафаи ҷашни таърихии 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сокинони ноҳия барои дастгириҳои доимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram