РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Иштирокчиёни Бозиҳои Делфӣ аз Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Беларус вориди шаҳри Душанбе шуданд

Аз 14 октябр ташрифи иштирокчиёни чорабинии байналмилалии Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлкат хабар доданд.

Субҳи имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сабти номи иштирокдорони номинаҳои Бозиҳо баргузор гардида, то ин лаҳза ҳайатҳои Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Беларус ба қайд гирифта шуданд.

Ташриф ва сабти номи иштирокчиён аз дигар кишварҳои аъзои ИДМ ба ҷумҳурӣ идома дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram