Рӯзҳои 11-12 октябри соли 2022 бо ташаббуси Сафорат ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар толори Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон ва Консерваторияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон консерти муштарак таҳти унвони “Насими дӯстӣ” баргузор гардид. Дар ин бора аз сафорат мазкур хабар доданд.
Дар чорабиниҳо ходимони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯён, ҳамватанони муқими Ӯзбекистон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат карданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ба ифтиттоҳи консертҳо ҳусни оғоз бахшида, аз роҳбарияти Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон ҷиҳати ҳамкорӣ бо Сафорат барои ташкил намудани консертҳои мазкур изҳори ташаккур намуд.
Зимни суханрони иброз намуд, ки консетрҳои муштарак таҳти унвони “Насими дӯстӣ” бахшида ба 30–солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкил карда шуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои композиторони ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон қайд намуд, ки бо ташаббуси ду Роҳбари оқилу дурандеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо дар ҳама самту соҳаҳо рӯз то рӯз рушд карда истодаанд.
Раиси Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон Рустам Абдуллаев ва Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мусозода суханронӣ намуда, аз ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати ташкил кардани консертҳо бо иштироки композиторони машҳури ду кишвар сипосгузорӣ намуданд.
Дар консертҳои зикр шуда, асарҳои композиторон ва бастакорони машҳури ду кишвар, аз ҷумла Қудратулло Яҳёзода “Меҳри дил”, Амирбек Мусозода “Муқаддима”, Зиёдулло Шаҳидӣ “Пойтахти ман”, Шарофиддин Сайфиддинов “Республикаи ман”, Фазлиддин Шаҳобов “Интизорӣ”, Рустам Абдуллоев “Соғинч”, Фируз Баҳор “Ишқи ман” Абдураҳмон Тошматов “Экспромт” ва дигарон садо доданд.
Чорабинӣ ба худ таваҷҷӯҳи зиёдро ҷалб намуд ва аз ҷониби иштирокдорон мусбат арзёбӣ гардид.
Боиси қайд аст, ки дар ҳошияи сафари кории ҳайати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси иттифоқ Амирбек Мусозода ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои композиторони Тоҷикистону Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Иттифоқи композиторони ду кишвар, ҳамзамон Созишномаи ҳамкори миёни Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ ба имзо расид.
Дар ҷараёни сафар меҳмонон аз китобхона, синфхонаҳо ва дигар имкониятҳои Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон ва Донишкадаи миллии санъати мусиқии ба номи Юнус Раҷабӣ дидан намуданд.