РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Меҳргон — ҷашни кишоварзии ниёгон

Дар замони Истиқлол, ки муқаддастарин дастоварди тоҷикон аст, бо шарофати ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихиву фарҳангии мо-тоҷикон эҳё ва ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ (Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра) зинда гардида, худшиносиву меҳанпарастии миллӣ тақвият ёфта истодааст.

Маҳз тавассути сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалиро касб намуд ва сол то сол бо шукӯҳу шаҳомати тоза ҷашн гирифта мешавад. Барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла, иди Меҳргон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ ба ин ҷашни муқаддаси аҷдодӣ чунин баҳо додаанд: “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”.

Ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Таҳқиқот оид ба гоҳномаи ориёиҳо нишон медиҳад, ки дар қадим ду ҷашни муътабар буд, яке Наврӯз, ки дар аввали моҳи тобистон таҷлил мешуду сари сол аз тобистон оғоз меёфт ва дигар Ҷашни Меҳргон, ки дар оғози зимистон, дар даймоҳ ҷашн гирифта мешуд. Ориёиҳо дар оғоз ду фасли сол — тобистонро бо номи Ҳама ва зимистонро бо номи Зана мешинохтанд. Баъдан, вақте кишоварзӣ ба вуҷуд омад, солро ба чор бахш тақсим намуда, ҷашни Наврӯзро дар саршавии баҳор, Тиргонро дар аввали тобистон, Меҳргонро дар оғози тирамоҳ ва Садаро дар аввали зимистон пешвоз мегирифтанд.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Меҳргон аз сарчашмаҳои бостонӣ маълумоти зиёде мавҷуд аст. Дар осори санскрит, хосса дар Видоҳо, ки қадимтарин ҷузъи он Регвидо аст, аз таҷлили Меҳргон ёд шудааст. Зуҳури Ҷашни Меҳргон ба ҳазораи дуюми пеш аз мелод рост меояд ва таърихи беш аз 4000-соларо дар бар мегирад. Дар замони қадим Иди Меҳргон мувофиқи тақвими зардуштӣ, 1-уми Меҳрмоҳ ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешуд ва то 21-ум Ромрӯз, яъне аз 21-уми сентябр то 21-уми октябр давом мекард.

Далели баргузории ҷашни Меҳргон дар оғози меҳрмоҳ ва усулан номгузории нахустин моҳи фасли пойиз (тирамоҳ) ба номи меҳр ин аст, ки дар давраҳои бостон, аз ҷумла, дар замони Ҳахоманишиён, оғози фасли тирамоҳ оғози соли нав будааст ва нахустин моҳи солро ба номи меҳр нисбат додаанд. 

Бештари донишмандон Меҳргонро рӯзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок медонанд. Аз ҷумла, дар “Таърихи Табарӣ” чунин омадааст: “Фаридун Заҳҳокро бо гурзи сархамидае бикӯфт, пас ӯро ба кӯҳи Дамованд бурд ва дасту бозуяшро маҳкам бибаст ва ба чоҳ афканд ва фармон дод, ки рӯзи меҳрмоҳи меҳррӯзро ид бигиранд ва ин ҳамон ҷашни Меҳргон аст”.

Аз ҷашни Меҳргон нишонаҳои зиёде дар қаламрави мардуми ориёнажод боқӣ мондааст, ки далели густариши фарҳанги кишоварзӣ ва мавҷудияти гурӯҳи иҷтимоии деҳқонон дар ин манотиқ мебошад. Бостоншиносон дар яке аз деворҳои Панҷакенти Қадим тасвиреро ёфтанд, ки ба асрҳои VI-VII мансуб аст. Дар он пирамарди нуроние бо рӯймоле пешониашро баста, дар рӯйи суфа нишастааст. Дар пушти сараш хирмани бузурги гандум намудор аст, ки деҳқонон онро ба анбор медароранд. Деҳқонон аз самараи ҳосил болида, бо хушнудӣ зери садои асбобҳои мусиқии навозандагон рақсу бозӣ мекунанд. Аз рӯйи ҷузъиёти тасвири мазкур асолату моҳияти ҷашни Меҳргонро дар таърихи гузаштаи ниёгонамон ба таври рӯшан мушоҳида карда метавонем.

Дар аҳди Ҳахоманишиён, хусусан, Ашкониён ва Сосониён, фашни Меҳргон бо шукӯҳу салобати хосса ва шодиву сурур баргузор мегардидааст. Шоҳон дар рӯзи ҷашни Меҳргон маросими тоҷгузориро ба ҷо меовардаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” Меҳргонро ба Меҳргони омма (хурд) ва Меҳргони хосса (бузург) ҷудо намуда, навиштааст, ки маъмултарин ва ҷолибтарин русуми ин ҷашн оростани дастархони меҳргонӣ будааст, ки хеле бошукӯҳ сурат мегирифтааст. Дар Меҳргони бузург шоҳ ҳокимону намояндагони вилоятҳо ва шаҳрҳои мамлакатро ба ҳузур мепазируфтааст. Дар давоми ҷашн дар ситоиши Меҳргон оҳангу таронаҳое садо медодаанд, ки “Меҳргонӣ”, “Меҳргони бузург”, “Меҳргони хурдак” ва ғайра ном доштаанд.

Дар рӯзи Меҳргон субҳгоҳон шоҳи Сосонӣ тоҷи зебоеро, ки нақши Хуршед доштааст, бар сар ниҳода, дар толори бузурге менишастааст, мардуми аз вилоятҳо ва ҷойҳои дуру наздик омадаро пазируфта, ҳадяҳояшонро қабул менамудааст. Бостоншиноси тоҷик Юсуфшоҳ Яъқубов менависад: “Дар ин рӯз либоси фохири арғувонӣ мепӯшиданд ва шоҳон тоҷи мудаввари мушаъшаъ ба сар мегузоштанд, зеро Митра Худованди фурӯғ ва рӯшноӣ мебошад ва тоҷи мудаввари мушаъшаъ (шуълаафган) дорад. Дар ин рӯз, ба гуфтаи Страбон, галлаҳои аспони ориёӣ ба шоҳон ва бузургон тақдим мешуданд. Дар ин рӯз ҳамаи андозҳои давлатиро ҷамъ менамуданд ва месупурданд. Шоҳ ба мардумони шоиста зару зевар медод. Туҳфаҳо қимат, тиллоӣ ё ашёҳо бо санги забарҷад буд. Санги забарҷадро Худованд гӯё дар ин рӯз офаридааст барои зинати Меҳргон. Ҳар панҷ рӯзро бар табақаҳои иҷтимоӣ тақсим мекарданд: панҷ рӯз ба шоҳзодагон, панҷ рӯз ба мӯбадон, панҷ рӯз ба барзгарон, панҷ рӯз ба бозаргонон, панҷ рӯз ба размиён, панҷ рӯз ба бузургон.”

Меҳргонро дар давоми шаш рӯз бо риояи анъанаҳои бостонии ҷашнгузорӣ таҷлил менамоянд, ки хеле аҷиб аст. Дар ин рӯз либоси нав мепӯшанд, шодиву хурсандӣ мекунанд. Дар рӯйи дастархони меҳргонӣ оина, сурмадон, шарбат, гулоб, ширинӣ, сабзавот, анор, себ, ангур ва гулҳои рангоранг мегузоранд. Гузоштани чанд сикаи нуқра, санҷиду бодому писта ва дар зарфе оби хушбӯйро риоя менамоянд. Дар атрофи хон шамъҳоро фурӯзон ва дар зарфе испанд дуд мекунанд. Агар дар ин рӯз тифле ба дунё ояд, номе бар ӯ мегузоранд, ки дар таркиби он вожаи “меҳр” бошад. Масалан, Меҳроб Меҳрдод, Меҳрангез, Меҳрноз, Меҳрбону, Меҳрваш, Меҳрдухт, Меҳрон, Меҳрубон, ва ғайра.

Шеърҳое, ки аз аҳди салтанати Сомониён ва силсилаи шоҳони дигар то ба имрӯз расидаанд, далели онанд, ки шоирони тоҷик анъанаҳои даврони Сосониёнро идома дода, ба муносибати фаро расидани ҷашн шоҳон ва мардумро табрик мегуфтаанд. Шоирони некбину озодандеш бо ифтихор аз гузаштаи ниёгони худ ёд намуда, ба васфи ҷашни Меҳргон шеърҳои зиёде бахшидаанд. Устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Масъуди Саъд, Анварӣ ва дигарон аз Меҳргон бо эҳтиром ва ифтихори бузург ситоиш кардаанд. Устод Рӯдакӣ таъкид намудааст, ки Меҳргон ҷашни шоҳону хусравон аст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” оид ба ҷашну оинҳои ориёиҳо маълумоти ҷолиб оварда, бо меҳру муҳаббат аз таъриху русуми ниёгон ёд мекунад. Рӯзи аввали ба тахт нишастани Фаридунро баробар ба рӯзи Меҳргон медонад ва оғози таҷлили ин ҷашни бузургро ба ӯ нисбат медиҳад.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносониву хӯрдан оини ӯст.

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.

Дар қитъаи зебое Масъуди Саъди Салмон меҳрубониву инсондӯстиро оини Ҷашни Меҳргон дониста, мефармояд:

Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух, Меҳргон,

Меҳр бифзо, эй нигори моҳчеҳри меҳрбон.

Халафи Табрезӣ дар “Бурҳони қотеъ” барои яке аз мақомҳо ва лаҳнҳои мусиқии суннатӣ номи “Мусиқии меҳргонӣ”-ро овардааст, ки гумон меравад дар даврони гузашта дар ҷашни Меҳргон чун мусиқии махсус навохта мешуд. Ҳамчунин, дар миёни Дувоздаҳмақом дар китоби “Мусиқии кабир”-и Абӯнасри Форобӣ мақоми ёздаҳум бо номи “Меҳргон” сабт шудааст ва Низомии Ганҷавӣ дар достони “Хусрав ва Ширин” номи 21-умин лаҳн аз сӣ лаҳни мазкурро “Меҳргон” навиштааст.

Устод Садриддин Айнӣ дар “Ёддоштҳо”-и худ роҷеъ ба баргузории ин ҷашн дар Самарқанд ва навоҳии он ибрози андеша намуда, аз ҷумла, қайд кардааст: “Ҷашне, ки метавонад бо ҳамаи дигаргуниҳояш бозмонда бошад, ҷашни Меҳргон аст”.

Оинҳои меҳргонӣ, хусусан, дар байни кишоварзон, то рӯзгори мо ҳифз шудаанд. Меҳргон имрӯз дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, айни ҳол мардуми шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба ифтихори иди муқаддаси ниёгон-Меҳргон ҷашнҳои бузург меороянд ва дастурхонҳояшонро бо анвои меваҳо, тарбузу харбуза, сабзавот ва хӯришҳои дигар ороста, дар атрофи хони пурнозу неъмати меҳргонӣ шеърхонӣ ва рақсу бозӣ мекунанд. Ҷашни Меҳргонро мардум бо нияте таҷлил менамоянд, ки ҳамасола ҳосили деҳқониашон фаровон, рӯзгорашон осудаю молу ҳолашон бегазанд бошад, файзу баракат аз хонадонашон дур наравад ва Худованд онҳоро аз балоҳо нигаҳ дорад.

Дар воқеъ, Ҷашни Меҳргон бо рӯзи меҳрубонӣ баробар омада, ба инсонҳо имкон медиҳад, ки аз зулму ҷаҳолат раҳоӣ ёбанд ва ба ёру дӯстон сари як дастархони ороста аз меҳрубонӣ, ҷамъ оянду кинаву ғамҳои дилашонро тоза кунанд. Умуман, ҷашни мазкур дар рӯзгори миллати бофарҳангу куҳанбунёди мо мақоми махсус дошта, нишоне аз ниёгон ҳифз ва ба наслҳои оянда ба мерос гузошта мешавад.

Абдурозиқ МАРДОНӢ,

рӯзноманигор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram