РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия баргузор мешавад

Аз 24 то 26 октябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Уфа Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор мешаванд. Дарин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, сарояндаҳои маъруфи эстрадӣ Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Нигина Амонкулова, Чоршанбе Аловатов, Зафар Абдуалимов, Олимчон Солизода ва дигарон баромад мекунанд.

Инчунин, дар он иштироки ансамблҳои машҳури рақсии «Гулрез» ва «Зебо» баромад мекунанд.

Дар доираи чоарбинӣ санъати амалии ҳунармандони халқӣ, аз ҷумла маҳсулоти сувенирӣ аз ганҷҳои тоҷикӣ, гулдӯзии бадеӣ, сафолӣ ва ғайра намоиш дода мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram