16 октябри соли равон дар меҳмонхонаи “Серена”-и пойтахт аз рӯи номинаи “Сурудҳои эстрадӣ” дар доираи баргузории 16-умин Бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид, ки дар он наврасони аз синни 14 то 17 сола иштирок карданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Раиси ҳакамони номина аз Федератсияи Руссия Земцов Петр Алексеевич чорабиниро ифтитоҳ бахшида, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Бозиҳои Делфӣ дар шаҳри Душанбе арзи сипосу миннатдорӣ баён намуд ва ба иштирокчиёни Бозиҳо барору комёбиҳо таманно кард.
Зикр кардан ба маврид аст, ки наврасони аз синни 14 то 17 сола, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Қазоқистон байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳунару маҳорати иштирокчиён ҳакамони нуктасанҷ аз Федератсияи Руссия Земцов Петр, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимов Зафар ва аз Ҷумҳурии Узбекистон Ганиханова Шоийста баҳогузорӣ мекунанд.