РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бозиҳои байналмилалии Делфӣ: Дар ДДФСТ аз рӯи номинаи “Санъати тасвирӣ ва ҳунармандӣ” қувваозмоӣ доир шуд

Рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маросими тантанавии оғози номинаи “Санъати тасвирӣ ва ҳунармандӣ”-и Бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода ташрифи меҳмонон ва иштирокчиёни Бозиҳоро ба ҷумҳурӣ ва ба муассисаи таълимӣ хайрамақдам гуфта, аз таъриху фаъолияти донишкада маълумоти мухтасар ироа намуд ва ҳайати ҳакамони Бозиҳоро аз Федератсияи Руссия, ҷумҳуриҳои Беларус ва Қвзоқистон ба ҳазирин муаррифӣ намуд.

Иштирокчиён аз рӯи ду номинатсия, аз рӯи синну соли 14 то 18 сола ва 18 то 34 сола, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Руссия, ҷумҳуриҳои Беларус ва Қазоқистон қувваозмоӣ карданд.

Барои иштирокчиён ду мавзӯъ пешниҳод гардид, ки мавзӯи якум “Фаслҳои сол” ва мавзӯи дуюм “Ҷаҳон аз нигоҳи ман” ном дошт.

Ҳайати ҳакамони номинатсия зирк бар он намуданд, ки барои иштирокчиён боиси ифтихору сарбаландист, ки онҳо кишвари худро дар Тоҷикистони зебоманзару офтобӣ муаррифӣ мекунанд.

Итминону боварӣ бар он намуданд, ки ҳар як нафари иштирокчӣ соҳиби ҷойҳои ифтиҳорӣ ва диплому ҷоизаҳо мегарданд.

Барои болидахотирию рӯҳбаландии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ аз ҷониби донишкада иборат аз суруду таронаҳо ва рақсҳои ҷаззобу диданӣ манзур гардид.

Аз натиҷаи ҷамъбасти номинаи “Санъати тасвирӣ ва ҳунармандӣ” дар гузориши минбаъда иттилоъ хоҳем дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram