РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон гузариши хатҳоро дар сарҳади муштарак баррасӣ намуданд

Гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштарак 10-15 октябр дар Душанбе масъалаи гузариши хати қитъаҳои боқимондаи марзро баррасӣ карданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

«Тарафҳо оид ба гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро зимни мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад, идома диҳанд», — омадааст дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, ки 13 октябр аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони Россия, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Остона миёни Душанбе ва Бишкек тавофуқ ҳосил шуд, ки кори гурӯҳҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштарак фаъол гардонида шуда, ҳама мушкилоти бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳал карда шаванд.

Моҳи сентябр дар хати сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаҳои низомӣ рух доданд. Ҷангҳо бо истифода аз аслиҳаи вазнин 14 сентябр дар мавзеи Кехи минтақаи Ворухи Тоҷикистон оғоз шуда, то 17 сентябр дар қитъаҳои алоҳидаи марзи муштарак идома ёфтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram