РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе имрӯз маросими пӯшидашавии 16-умин Бозиҳои байналмилалии Делфӣ баргузор мегардад

Маросими пӯшидашавии 16-умин Бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе шоми 17 октябр, соати 19.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ёдовар мешавем, Бозиҳои Делфӣ мусобиқаҳои мураккаби эҷодиёти бадеӣ, амалӣ ва тадқиқотӣ буда, аз руйи номинатсияҳои навохтани фортепиано, скрипка, санъати театрӣ, сурудхонии академӣ, рақси халқӣ, санъати сирк, дониш дар соҳаи эпидемиология ва биоинформатика, дизайни мӯд, видеоблоги илмии оммавӣ сурат гирифт.

Дар ин чорабинӣ беш аз 400 истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25 сола аз тамоми кишварҳои узви Иттиҳод иштирок доранд. Аз Тоҷикистон дар ин озмун 177 нафар иштирок намуданд, ки 10 нафари онҳо ба ҳайси ҳакамон дар ҳар номинатсия иштирок доранд. Дар маҷмӯъ ба ҳайати доварон 35 ҳунарманди маъруфи кишварҳои ИДМ шомиланд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram