РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Табиби паррон» дар Фестивали байналмиллали театрҳои касбии Осиёи Миёна намоиш дода мешавад

Аз 1 то 7 ноябри соли 2022 дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон 8-умин Фестивали байналмиллали театрҳои касбии Осиёи Миёна баргузор мегардад. Дар ин бора Мутрибахон Алихонзода, директори радиои «Пайванд» иттилоъ дод.

Ба зикри манбаъ, дар фестивали мазкур ҳунармандони театрҳои давлатҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Татаристон, Озорбойҷон ва Қиргизистон ширкат хоҳанд кард.

Давлати моро хушбахтона дар ин фестивали байналмиллалӣ театри овозадори шаҳри Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ намояндагӣ мекунанд. Дар фестивал аз тарафи мазкур намоиши «Табиби паррон» пешкаш мегардад. Барои намоиши «Табиби паррон» ин фестивал 4 -умин фестивали байналмиллалӣ хоҳад буд.

Бояд қайд намоем, ки муаллифи намоиш Ж. Б. Мольер буда, онро нависандаи ӯзбек Ш.Бошбеков коркард кардааст. Саркоргардони театри шаҳри Хуҷанд Сӯҳробҷон Шехов намоиши мазкурро дар саҳнаи шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ба саҳна хоҳад гузошт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram