РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Русия Форуми дуюми байналмилалии таърихӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон иштирок намуд

Аз санаи 10-ум то 16-уми октябри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми дуюми байналмилалии таърихӣ баргузор гардид, ки дар он олимони варзидаи Русия ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Мақсади ниҳоии Форуми таърихӣ фароҳам овардани фазои мусоид барои муҳокима ва муаррифии натиҷаҳои тадқиқот дар мавзуҳо ва масъалаҳои мубрами илми таърих дар замони муосир ба шумор меравад. Барномаи илмии форум дар атрофи мавзӯи «Муколама ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳо дар фазои пасошӯравӣ» тартиб дода шудааст. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар нишасти ифтитоҳӣ Раиси Шурои Ҷамъияти таърихии Руссия дар шаҳри Санкт-Петербург, директори генералии Осорхонаи давлатии Эрмитаж, Михаил Пиотровский, директори Институти таърихи Санкт-Петербурги АИ Русия Алексей Сиренов, декани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав Лев Белоусов, директори Институти таърихи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург Абдулло Даудов ва ректори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург Николай Кропачев суханронӣ намуданд.

Декани факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Шарифов Р. Я. дар ин форуми байналмиллалӣ ширкат варзида дар мавзуи “Специфика изучения и преподавания истории в Таджикистане в период независимости” (Хусусиятҳои омӯзиш ва тадриси таърих дар Тоҷикистон дар замони истиқлол) баромад намуд.

Қобили зикр аст, ки дар Форуми мазкур масъалаҳои мубрами илми таърих дар самтҳои зерин муҳокима ва баррасӣ гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо ва густариши ҳамкориҳои илмӣ пешниҳодҳои муфид ироа карда шуданд:

– Тадқиқоти археологӣ дар фазои пасошӯравӣ

– Архивҳо дар фазои пасошӯравӣ

– Тадқиқоти насабшиносӣ дар фазои пасошӯравӣ

– Осорхонаҳо ва хотираи таърихӣ дар фазои пасошӯравӣ

– Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ: таҷрибаи пасошӯравӣ

– Тадқиқоти байнисоҳавӣ ва усулҳои нави омӯзиши таърих дар фазои пасошӯравӣ

– Усулҳои табиатшиносӣ дар омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихӣ дар фазои пасошӯравӣ

– Информатикаи таърихӣ ва таърихи рақамӣ дар фазои пасошӯравӣ

– Равандҳои этникӣ дар кишварҳои собиқи пасошӯравӣ аз асрҳои миёна то замони муосир

– ташкили фазои илмии замонавӣ (марказҳои илмӣ, грантҳо, нашрияҳои даврӣ)

– Таълими фанни таърих дар мактабҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ

– Таърихи илм ва маориф дар фазои пасошӯравӣ

— Таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ: 100-солагии ташкил ёфтани СССР

– Марказ ва минтақаҳо: системаи муносибатҳо аз асрҳои миёна то замони муосир

– Санкт-Петербург — пойтахти империяи сермиллат

– Муҳосираи Ленинград ҳамчун макони ёдбуди таърихи миллӣ

Роҳнамои сайёҳии таърихӣ ва фарҳангӣ дар фазои пасошӯравӣ

– Археография дар фазои пасошӯравӣ

– Таърихи хат дар Авруосиё

— Таърихи ҳуҷҷатҳо дар Аврупои Шарқӣ

– Public history дар фазои пасошӯравӣ

– Таърихнигории таърихи кишварҳо ва халқҳои пасошӯравӣ: ғояҳо ва марзҳои нав (мущокимаи китобҳои нави нашршуда дар солҳои 2017–2022 ва лоиҳаҳои бузурги илмӣ)

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram