РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Раванди Душанбе»: барнома ва дурнамо

Тавре ки иттилоъ доред, рӯзҳои 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо»доир мегардад.

Ин конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари мубориза бар зидди терроризми СММ, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Давлати Қатар ташкил карда шудааст. Ҳадафи асосии конфронс рушди ҳамкориҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими амнияти сарҳадӣ мебошад. Бо анҷоми кнфронс изҳорот қабул карда мешавад ва тавассути он иштирокдорон аз кишварҳо даъват мекунанд, ки ҳамкорӣ дар форматҳои дуҷониба, зерминтақавӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро барои беҳтар кардани назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳаракатҳои террористӣ, инчунин пешгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа, моддаҳои тарканда, ядроӣ, химиявӣ, биологӣ ва радиологиро ошкор кунанд. Эъломия, ҳамчунин, аз кишварҳои узв даъват мекунад, ки талошҳои худро бар зидди таҳдиди террористон, аз ҷумла ҷангҷӯёни хориҷӣ тавассути амнияти сарҳадӣ ва идоракунии мақсадноки он равона созанд.

Дар ин конфронс ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористон ва гурӯҳҳои террористӣ, мудирияти муассири марзҳо ва чораҳои зиддитеррористӣ баррасӣ мешаванд. Чорабинӣ идомаи мантиқии «Раванди Душанбе» аст, ки моҳи майи соли 2018 оғоз шуда буд. Конфронси якуми ин силсила аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо доир шуда буд.

Конфронс аз ифтитоҳи расмии сатҳи баланд, ҷаласаи вазирон, чор ҷаласаи кории мавзӯъӣ ва қисмати ҷамъбастӣ иборат хоҳад буд. Дар ҷаласаҳо чолишҳои кунунии амнияти сарҳадии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он, аз ҷумла муайян кардани таҳдидҳо ва хатарҳо дар самти идоракунии сарҳад дар заминаи мубориза бо терроризм, таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои калидӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ва бахусус таҳкими мубодилаи самараноки иттилоот бо ҷонибҳои манфиатдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назорати сарҳадӣ, робитаҳои эҳтимолӣ байни ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва терроризм, мубодилаи дониш оид ба воситаҳои дахлдори мубориза бо ин падида, тамоюлҳои кунунии ҳаракати террористон аз сарҳад ва монанди ин баррасӣ мешаванд.

Иштирокчиён, инчунин, тамоюлҳои кунунии муомилоти ғайриқонунии аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, силоҳу маводи ҳастаӣ, кимиёвӣ, биологӣ ё радиологӣ ва иртиботи эҳтимолии онҳоро бо созмонҳои террористӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Конфронсро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ менамоянд. Сипас, иштирокдорон ба панелҳо тақсим мешаванд. Дар ин ҷаласаҳо суханронии Терхи Хакала, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, Али Ал Нуаймӣ, Роҳбари маркази “Хедая”, Юрген Сток, Котиби генералии ИНТЕРПОЛ, Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Антонио Гутерреш, Дабири кулии Созмони Миллали Муттаҳид (маҷозӣ), Владимир Воронков, Ноиби Дабири куллии СММ, сардори Дафтари мубориза бар зидди терроризм, Хелга Мария Шмид, Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Елена Купчина, Ҳамоҳангсози САҲА оид ба мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ дар назар аст.

Дар анҷоми кори конфронс “Эъломияи Душанбе” дар бораи таъмини амният ва назорати сарҳад, мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористон қабул карда мешавад.

Мирсаид САТТОРИЁН,

«Овози тоҷик»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram