Даври ниҳоии 16-умин Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар номинаи «Сарояндаи эстрадӣ» аз гурӯҳи синнусолии 14 то 17 Нилуфар Азизова аз Тоҷикистон сазовори ҷои аввал ва медали тилло гардид. Марина Гринёва аз Федератсияи Россия ба гирифтани ҷои дуввуму медали нуқра мушарраф шуд. Сарвиноз Ҳамдамова аз Тоҷикистон ҷои севвум ва медали биринҷӣ гирифт.
Инчунин, Шаҳриёр Шарифзода аз Тоҷикистон, Элзара Кураисова аз Қазоқистон ва Юсуфҷони Сангалӣ аз Тоҷикистон бо Дипломи махсус қадрдонӣ карда шуданд.
Дар номинаи «Сарояндаи эстрадӣ» гурӯҳи синнусолии аз 18 то 25 — сола Полина Чернова аз Россия сазовори ҷои якум ва медали тило шуд. Елена Кузнетсова аз Беларус соҳиби ҷои дуввум ва медали нуқра ва Мусагали Молдабаев аз Узбекистон сазовори ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд.
Никита Самойлов аз Россия, Мадинабону Адилова аз Узбекистон ва Афзалшо Сафарзода аз Тоҷикистон бо Дипломи махсус сарфароз гардонида шуданд.
Дар номинаи «Скрипка», гурӯҳи синнусолии аз 17 то 21-сола се ҷои аввал ва мутаносибан медалҳои тиллою нуқра ва биринҷӣ насиби Елизавета Лихнитская (Россия), Тимур Никитёнок (Беларус) ва Имран Измаилов (Узбекистон) гардиданд.
Акбота Мауленкул аз Қазоқистон қадрдонӣ шуд «барои маҳорати эҷодӣ» Дипломи махсус гитрифт.
Дар номинаи «Скрипка»-и гурӯҳи синнусолии аз 14 то 16-сола бошад ду нафар аз Қазоқистон Айгерим Аулбек ва Айгерим Танкеева соҳиби ҷойҳои якум ва дуввум гардида, ба гирифтани медали тиллову нуқра сазовор мушарраф шуданд.
Арина Мороз аз Тоҷикистон, Диляра Мукамова аз Қазоқистон ва Юнона Мирзоева аз Тоҷикистон «барои маҳорати эҷодӣ» бо Дипломи махсус қадрдонӣ шуданд.
Дар номинаи «Фортепиано», гурӯҳи синнусолии аз 14 то 17 Евелина Медведко аз Россия ҷои якум ва медали тилло гирифт. Светлана Агопян аз Арманистон ҷои дуввум ва медали нуқраро соҳиб шуд.
Дипломи махсус «барои маҳорати эҷодӣ» насиби Лола Қамбарова аз Тоҷикистон шуд.
Номинаи «Фортепиано», гурӯҳи синнусолии 18 – 25-сола: Никита Стесенко аз Узбекистон сазовори ҷои якум ва медали тилло, Любов Глазова аз Беларус сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра ва Беҳрӯз Сайфуддинов аз Тоҷикистон соҳиби ҷои сеюмм ва медали биринҷӣ шуданд.
Бо Дипломи махсус «Барои маҳорати эҷодӣ» Эдиба Таҷнур аз Қазоқистон ва Сергей Батенев аз Россия қадрдонӣ шуданд.
Инчунин дар номинаи «Ҳунарҳои мардумӣ», гурӯҳи синнусолии аз 19 то 24-сола се ҷои аввалро намояндагони Тоҷикистон Муҳаммадҷон Миров, Муҳаммадҷони Ҳикматзода ва Луиза Азимова ба даст оварданд.
«Барои мувофиқат ба мавзӯи пешниҳодшуда» Фаррух Муллоҷонов аз Тоҷикистон, «Барои бадеияти иҷроиш» — Людмила Криллова аз Беларус, «Барои маҳорат» Шаҳноза Гулмадова аз Тоҷикистон бо Дипломи махсус қадрдонӣ гардиданд.
Номинаи «Ҳунарҳои мардумӣ», гурӯҳи синнусолии 15 – 18: Полина Гаманюк (Россия), Зуҳал Юлдашева (Тоҷикистон) ва Нурай Айтбек (Қазоқистон) мутаносибан ба дарёфти ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ноил гардиданд.
«Барои мувофиқат ба мавзӯи додашуда» Нилуфар Аблоқулова аз Тоҷикистон, «барои бадеияти иҷроиш» — Аминаи Баҳодур аз Тоҷикистон ва «барои маҳорат» Усмонҷон Ҳайдаров аз Тоҷикистон бо Диаломи махсус сарфарз гардиданд.
Ғолибони номинаи «Санъати тасвирӣ», гурӯҳи синнусолии 18 то 21: Томирис Макашева (Қазоқистон, ҷои якум),Марта Шербич (Беларус, ҷои дуюм) ва Марҷона Остонаева (Тоҷикистон, ҷои сеюм).
Бо Дипломҳои махсус дар мавзӯи «Ҷаҳон аз нигоҳи ман» Акбота Абейдолла аз Қазоқистон, Софя Хапина аз Россия, Мирзохоҷа Хуҷамуродӣ аз Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Дар номинаи «Санъати тасвирӣ», гурӯҳи синнусолии 14 то 17 Мурашко Купава аз Россия ҷои якум ва медали тилло ва Гордей Мурашко аз Руссия ҷои дуюм ва медали нуқра, Мадина Шаропова аз Тоҷикистон ҷои сеюм ва медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Бо Дипломҳои махсус дар мавзӯи «Фаслҳои сол» Назим Жумагулова аз Қазоқистон, Машҳура Алиҷонова ва Самиа Юнусова аз Узбекистон қадрдонӣ шуданд.